РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР МЕҲВАРИ НИШАСТҲОИ ИЛМӢ

8

Имрӯз (11.02.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети иқтисод ва идора дар заминаи кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Таъмини рушди устувори иқтисодӣ: ҷанбаҳои рақобатпазирии истеҳсолот» баргузор гардид.

Дар кори конференсия роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону муҳаққиқони Донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ масъалаҳои муҳимми марбут ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ, рушди саноат дар шароити иқтисоди рақамӣ, равандҳои ҳамгироии корхонаҳо, инчунин дурнамои рушди иқтисоди «сабз» ва муайян намудани роҳҳои муосири татбиқи сиёсати иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ баррасӣ гардиданд. Зикр гардид, ки татбиқи самараноки механизмҳои инноватсионӣ, рушди истеҳсолоти рақобатпазир ва гузариш ба иқтисоди “сабз” аз омилҳои калидии таъмини рушди устувори кишвар ба ҳисоб мераванд.

Дар анҷоми конференсия саволу ҷавоб сурат гирифта, оид ба густариши ҳамкории илм ва истеҳсолот тавсияҳои мушаххас ироа гардиданд.