Таърихи кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодӣ
Ихтисоси 26010301 – «Танзими давлатии иқтисоди миллӣ», ки дар пояи кафедраи иқтисоди миллӣ ба омода намудани мутахассисон аз рўи дараҷаи мутахассис, бакалавр ва магистр фаъолият мебарад, яке аз кафедраҳои бунёдӣ (фундаменталӣ) ба ҳисоб меравад. Босабаби оне, ки ихтисоси дар пояи кафедраи иқтисоди миллӣ фаъолият намуда, яке аз ихтисосҳои доираи фарогирии самти фаъолияташ васеъ ба ҳисоб меравад, аз ин хотир мутахассисоне, ки ин кафедраро хатм менамоянд, ҳуқуқи дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маъмурӣ-идоравии ҷумҳурӣ кору фаъолият карданро соҳибанд.
Кафедраи иқтисоди миллӣ ҳанўз дар соли 1965 бо номи кафедраи банақшагирии хоҷагии халқ таъсис ёфта буд. Номи ҳозираи худро кафедра соли 1992 бо қарори Шўрои олимони Донишгоҳ соҳибгаш-тааст. Роҳбарии кафедраро таи солҳои 1965-1971 А.М.Соломонов, солҳои 1971-1982 профессорон А.Ҳ.Ҳакимов ва солҳои 1982-1987 Ли. В.Ф. ба зимма доштанд. Инчунин солҳои 1987-2009 низ А.Ҳ.Ҳакимов роҳбарии кафедраро ба ўҳдаи худ доштаанд. Аз соли 2009 то 2020 вазифаи мудири кафедраро профессор Ҳ.Р. Исайнов ба ўҳда доштанд. Аз апрели соли 2020 то имрўз ва вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Тағоев Б.Д. иҷро намуда истодаанд.
Шурўъ аз солҳои 70-уми асри гузашта то айни ҳол устодони кафедра А.Ҳ.Ҳакимов, З.С.Султонов, Д.С.Лоҳутшо, Т.Г.Шодиева, М.К.Усмонова, Ю.В.Елманов, Муҳаммад Алъам Бозгор (ҶИА), Х.Боту-ров, Д.Б.Қодиров, Х.М.Давлатов, Ф.М. Муминова, Б.Д. Таѓоев, М.И. Садриддинов, Қ.Қ. Раҷабов, Д.М. Набиева, Маҷидзода Д.М. (Набиева Д.М.), Содиқов Қ.А., Сафаров А.Ҳ. рисолаҳои номзадӣ ва баъзе аз эшон рисолаҳои докторӣ (аз он ҷумла А.Ҳ.Ҳакимов ва Д.Б.Қодиров) низ ҳимоя кардаанд. Солҳои зиёд профессорон А.Б.Бойматов, Р.К.Раҳи-мов, Я.Г.Бронштейн, Ч.Х.Каримов, А.Х.Катаев, дотсентон Ф.Ф.Фатҳул-лоев, М.Р.Бобоев, И.М.Клеандров, Р.М.Раҷабов, И.А.Асроров, Л.И.Ми-хайлушкина, Ю.А. Наҷмиддинов, Н. Бобоҷонова ва ѓ. дар ҳамкорӣ бо устодони кафедра робитаи қавиро дар пешрафти фаъолияти илмиву таълими кафедра вогузоштаанд. Айни ҳол, дар кафедра ҳайати устодони зерин ба фаъолияти илмию омўзгорӣ фаро гирифта шудаанд: Раҳимзода Ҳ.Р. -д.и.и., профессор, иҷрокунандаи мудири кафедра, Тағоев Б.Д. н.и.и., дотсент номзадони илмҳои иқтисодӣ дотсентон Маҷидзода Д.М., Содиқов Қ.А., Сафаров Н.У., Содиқова Ш.К., Холназаров М.Б., Сафаров А.Ҳ. муаллими калон Чоршанбиев С.Р. ва ассистентон Зардова З.С. ва Исраилова А.Р., Муродалии Ҳ.
Кафедра робитаи зиччи ҳамкориро (тариқи бастани шартномаҳои дуҷониба) бо донишгоҳу институтҳои илмиву таҳқиқотии бонуфузи Федератсияи Россия- факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии ба номи М.В. Ломоносови ш.Москва, факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии ш. Новосибирск, кафедраи Ҳуқуқи рақобатпазирӣ ва танзими зиддинҳисории «Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал» ва Донишгоҳи давлатии аграрии ба номи К.А. Тимирязеви ш. Москва ба роҳ мондааст.
Инчунин лозим ба ёдоварист, ки кафедра ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти амалисозии лоиҳаҳои фармоишӣ, татбиқи корҳои илмиву таҳқиқотӣ, гузаронидани чорабиниҳои илмиву таълимӣ ва ба сифати муассисаҳои пешбар дар рафти ҳимояи рисолаҳои илмӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои дохилии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла бо Институти иқтисодиёти кишоварзии АИКҶТ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур, Пажуҳишгоҳи проблемаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИҶТ, Ташкилоти давлатии «Таджик НИИГиМ», Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Ҳайати устодони кафедра
Дар кафедра 12 нафар омӯзгор, ки аз онҳо, 1 нафар профессор, 6 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, ва 5 нафар ассистентон кор ва фаъолият менамоянд. Мувофиқи нақшаи таълимӣ ҷамъи соатҳои кафедра дар соли хониши 2019-2020, 12726 соатро ташкил медиҳад.
Руйхати устодони кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодӣ
- Раҳимзода Ҳ.Р., д.и.и., профессор мудири кафедра;
- Таѓоев Б.Д., н.и.и., дотсент;
- Маҷитзода Д.М., н.и.и., дотсент;
- Сафарзода Н.У., н.и.и., дотсент;
- Сафаров А.Ҳ., н.и.и., дотсент;
- Холназаров М.Б., н.и.и., дотсент;
- Содиқова Ш.К., н.и.и., м/к;
- Чоршанбиев С.Р., м/к;
- Зардова З.С., м/к;
- Зарифзода М.З., асистент;
- Исраилова А.Р. ассистент;
- Муродалии Ҳ. ассистент;
Фаъолияти таълимӣ илмӣ ва байналмилалии кафедра
Ҳайати устодони кафедра бо мақсади таъмин намудани ҷараёни таълим бо маводи зарурӣ ва баланд бардоштани сифати он дар солҳои охир як қатор китобҳои дарсӣ, монографияҳо, дастурҳои таълимӣ ва методиро ба чоп расонидаанд, ки инҳо мебошанд:
1. Исайнов Х.Р. Эколого-экономические основы повышения эффек-тивности мелиорации в сельском хозяйстве (теория, методология и практика). Монография. – М.: ФГОУП ВПО РГАУ_МСХА им. К.А. Тимирязева, 2007. -223 с.
2. Исайнов Ҳ.Р. Бозори коѓазҳои қиматнок. Воситаи таълимию методӣ. – Душанбе, 2012. -108 с.
3. Исайнов Ҳ.Р. Иқтисоди миллӣ. Китоби дарсӣ. – Душанбе: Ирфон 2018. – 614 с. (дар чоп аст).
4. Маҷмуаи барномаҳои таълимӣ аз фанҳои ихтисоси 26010301- «Танзими давлатии иқтисоди миллӣ». (Кисми I). – Душанбе, 2012. – 448 с.
5. Маҷмуаи барномаҳои таълимӣ аз фанҳои ихтисоси 26010301- «Танзими давлатии иқтисоди миллӣ». (Кисми II). – Душанбе, 2014. – 286 с.
6. Садриддинов М.И., Ершов Ю.С., Малов В.Ю. Оценка значи-мости водных ресурсов Республики Таджикистан (монография). – Новосибирск: Изд-во ИЭОПП СО РАН, 2017. -140 с.
7. Раджабов К.К., Ходиев Д.А. Свободные экономические зоны Таджикистана: проблемы и перспективы развития (монография). -Душанбе: Сино, 2017. -138 с.
8. Ҳакимов А.Ҳ., Каримова М.Т., Қодиров Д.Б., Шодиева Т.Ѓ., Муминова Ф.М. Иқтисод ва идоракунии минтақа. Китоби дарсӣ, – Душанбе: «Деваштич», 2002. – 276 с.
9. Ҳакимов А.Ҳ. Ташкили идораи иқтисоди миллӣ. Воситаи таъ-лим. – Душанбе: Ирфон, 2005. – 416 с.
10. Ҳакимов А.Ҳ. Иқтисоди миллӣ: асосҳои бехатарӣ ва рақобат-пазирӣ. Воситаи таълим барои донишҷўёни мактабҳои олӣ. – Душанбе: «Ирфон», 2007. – 488 с.
11. Ҳакимов А.Ҳ. Раҷабов Қ.Қ. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ. Китоби дарсӣ. – Душанбе: Ирфон, 2009. – 467 с.
Кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодӣ бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмию тадқиқотӣ, ташкил ва баргузории конференсияи илмию амалии байналхалқӣ ва ҷумҳуриявиро роҳандози менамояд.
Саҳми олимони кафедра дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогии ҷавон низ хеле назаррас аст. Алҳол 3 нафар олимони кафедра узви Шӯрои диссертатсионии назди донишгоҳ мебошанд.
Алҳол якчанд нафар устодони ҷавони кафедра дар аспирантураи донишгоҳ таҳсил доранд ва умед аст, ки дар ояндаи хеле наздик рисолаҳои номзадии худро барои баррасӣ ба Шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод хоҳанд кард.
Бояд қайд кард, ки шумораи зиёди хатмкардагони кафедраи мазкур дар вазифаҳои масъули давлатӣ, ба ҳайси роҳбарону менеҷерон ва мутахассисони сохторҳои гуногуни тиҷоратӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт сарбаландона фаъолият доранд ва бо кафедра робитаи қавӣ доранд.
НОМГЎИ ФАНҲОИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА БЕХАТАРИИ ИҚТИСОДӢ
- Иқтисоди миллӣ.
- Иқтисоди соҳаҳои хизматрасонӣ.
- Асосҳои бехатарӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ
- Макроиқтисод. (курси комил)
- Идоракунии иқтисоди миллӣ
- Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шароити бозор.
- Бозори коѓазҳои қимматнок
- Танзими давлатии иқтисоди миллӣ.
- Арзёби иқтисодии сармоягузорӣ.
- Иқтисоди амволи ѓайриманқул
- Инфрасохтори иқтисоди миллӣ.
- Ояндабинии иқтисоди миллӣ.
- Низоми счётҳои миллӣ ва балансҳои иқтисодӣ.
- Усулҳои тадқиқот ва моделсозии инкишофи иқтисоди миллӣ.
- Иқтисоди бахши ҷамъиятӣ.
- Иқтисоди бозори соҳавӣ.
- Банақшагирии стратегӣ.
- Сохтори иқтисоди миллӣ.
- Идоракунӣ ва банақшагирии минтақа.
- Иқтидорҳои иқтисоди миллӣ
- Иқтисоди инноватсионӣ
- Назарияи банақшагирии индикативӣ
- Идоракунии инфраструктураи шаҳрӣ
- Сиёсат ва стратегияи нархгузорӣ
- Минтақаҳои озоди иқтисодӣ
- Муаммоҳои хусусигардонии моликияти давлатӣ
- Сиёсати зиддинҳисорӣ
- Иқтисодиёти хоҷагии хонавода




