Таърихи кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ

          Таърихи ташкили кафедраи «Иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ»

Ташкил ва инкишофи кафедра бевосита бо таъсиси Донишгоҳи давлатии Тољикистон вобаста аст. Дар ибтидо факултети иқтисодӣ дар якљоягӣ бо факултаи ҳуқуқ ба фаъолият шурўъ намуд, он замон факултети ҳуқуқ ва иқтисод номида мешуд. Бо ташаббуси ректори Донишгоҳ академик Нарзиқулов И.Қ. кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ таъсис дода шуд.

Аввалин мудири кафедра дар марҳилаи ташаккули он академик Нарзиқулов И.Қ. буданд. Баъдан ба сифати мудири кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ Раҳимов Р.К., Қурбонов Ҳ.Қ., Бобосодиқова Г.Б., Љабборов А.Ҷ., Раҳимов К.Т. интихоб шуданд.

Соли 1960 кафедраи иқтисоди соҳавӣ ба ду кафедраи мустақил – кафедраи иқтисодиёти саноат ва кафедраи иқтисодиёти хољагии қишлоқ ва савдо тақсим карда шуд. Кафедраи иқтисодиёти саноат баъдтар кафедраи иқтисодиёти саноати сотсиалистӣ ном гирифт. Аз кафедраи мазкур вобаста ба мураккабшавии вазифҳои хољагии халқ дар давоми солҳо дигар кафедраҳо (иқтисодиёти меҳнат, банақшагирии хољагии халқ ва ғ.) ҷудо шуда, мустақил гардидаанд.

Аз солҳои 1991 кафедра ба мисли дигар кафедраҳои факултетҳои иқтисодӣ аз рўи  барномаҳои нав ба тайёр кардани мутахассисони дорои  тахассуси олии иқтисодӣ мегузарад. Мувофиқан соли 1994 кафедра ба худ номи «Иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ»-ро гирифт. Дар ин давра вазифаи мудири кафедраи номбурда ба зиммаи доктори илми иқтисод, профессор Комилов С.Ҷ. (солҳои 1994-1997) гузошта шуд.

Дар солҳои 1997-2000 дотсент Вафоев А.Ҷ., солҳои 2000-2001 д.и.и., профессор Комилов С.Ҷ. кафедраро роҳбарӣ кардаанд. Аз соли 2002 то 2012 д.и.и., профессор Низомова Т.Д., солҳои 2013-2014 д.и.и. профессор Файзуллоев М.Қ. ва солҳои 2014-2018 н.и.и., дотсент Фаррухӣ Р. роҳбарии кафедраро ба зимма доштанд. Аз соли 2019 дотсент Ҷ.Р.Раҳмонов то соли 2024 дар вазифаи мудири кафедра кор кардааст. Аз соли 2024 дотсент Р.Қ.Давлатова мудири кафедраро ба ӯҳда дошт.

Аз аввали солҳои таъсисёбии кафедра устодони зерин Ҳакимов А.Ҳ., Комилов С.Љ., Бобосодиқова Г.Б., Маҳмадмуродов Т.Ш., Бобохонова М.А., Раҳимов К.Т., Вафоев А.Ҷ., Ҷабборов А.Ҷ., Умаров А.У., Абдуназарова М.З., Эшонқулов Б., Низомова Т.Д., Давлатзод У., Файзуллоев М.Қ., Зияева М.Д., Фаррухӣ Р., Рабиева Т.М., Қодиров Ф.А., Раҳмонов Љ.Р., Билолов Н.Қ. ва дигарон рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд.

Айни ҳол, дар кафедра ҳайати устодони зерин ба фаъолияти илмию омўзгорӣ машғул буда, саҳми худро дар тайёркунии кадрҳо гузошта истодаанд: д.и.и., профессорҳо Низомова Т.Д., Зияева М.Д., н.и.и., дотсентҳо Давлатова Р.Қ., Фаррухи Р., Раҳмонов Ҷ.Р., Билолов Н.Қ., Файзуллоева С.Ҷ., номзадҳои илм, м/к, Абдуллоева Л.И., Сафарзода Г.Г., Маљидов Ф.Б., Холов А.М., ва ассистентон Ҷумаева Х.Ю., Сафарова С., Азизова М.Г., ва Раҳимов Ш.З.