Шӯрои занон

ФАЪОЛИЯТИ КОРИИ ШУРОИЗАНОНВАДУХТАРОНИ ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД  ВА ИДОРА

Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши занон дар ташаккул ва рушди тамоми бахшҳои фаъолияти иқтисодию иҷтимоии кишвар бараъло мушоҳида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки зани тоҷик аз азал дар нигоҳдории суботи оила, иҷрои корҳои арзишманди хоҷагии хонаводаҳо ва тарбияи фарзандони ватандӯсту ояндасоз, нақши боризро иҷро намудаанд. Илова бар ин дар шароити феълӣ бо дасгирӣ ва муносибати хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати зан-модар, тасмим ва идорадани занону духтарон роҷеъ ба иштироки фаъол дар ошкор ва бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тамоюли рушдро касб намудааст.

Фаъолияти асарбахши Шурои занон ва духтарони назди факултети иқтисод ваидораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тавассути, ки сол то сол тамоюли рушдро нишон медиҳад, нуқтаҳои болозикрро тасдиқ мекунад.

Шурои занон ва духтарони назди факултет яке аз зерсохтори муҳими бахши тарбия маҳсуб меёбад. Фаъолияти кории Шуро бо иштироки занон ва духтарони фаъоли факултет зери раисии Шоева Махфират Ёрмуҳаммадовна  ташкил ва амалӣ карда мешавад. Дар ҳайати Шуро ҳамаи бонувон-омӯзгорон (занон) ва донишҷӯдухтарони факултет шомил буда, дар пешбурди корҳои ҷамъиятии на танҳо факултет ва Донишгоҳ, балки чорабиниҳои махсусияти ҷумҳуриявидошта нақши муҳимро мебозанд.

Асоси фаъолияти Шурои мавриди назарро маҷмуи санадҳои меъёри  ҳуқуқие, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар  ҷомеа қабул гардидаанд, ташкил медиҳанд, ба монанди: Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (1 марти соли 2005, № 89); Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд  бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (3 декабри соли 1999, № 5); Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» (29 майи соли 2010, № 269); Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030; Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030.

Илова бар ин дар натиҷаи пайдоиши мушкилоти ҷорӣ дар ҳаёт ва фаъолияти занону духтарон ҷаласаҳои навбатию фаврии Шуро ташкил гардида, роҷеъ ба бартараф намудани онҳо қарорҳои оқилона ва дастаҷамъона қабул карда мешавад, ки қарорҳои мазкур, низ ба сифати воситаи амалкарди расмӣ баромад мекунанд.

Соли таҳсили 2025-2026 дар факултети иқтисод ва идора 25 нафар бонувон фаъолияти кори доранд, ки аз ин шумора 3 нафар профессор, 4 нафар дотсент, 4 нафар асистент, 3 нафар муаллимаи калон ва 10 нафари дигарашон лаборанту кормандони техникӣ мебошад. Ҳамзамон дар факултет 200 нафар донишҷўдухтарон таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора 14 нафарашон тибқи магистрӣ таҳсил намуда 20 нафар дар хобгоҳҳои донишгоҳ истиқомат менамоянд.