Рақамикунонии иқтисодиёт ба таъсиси модели нави идоракунии рақамӣ дар рушди иқтисодиёт, татбиқи навгониҳои рақамӣ дар истеҳсолот, ҷалби сармояи хориҷӣ, таҳкими тамоюли содиротӣ, тақвияти маҳсулоти воридотивазкунанда ва дарёфти роҳҳои хизматрасонии рақамӣ нигаронида шудааст.
Ин нукта имрӯз (25.02.2022) зимни баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ, ки бо ташаббуси кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идораи ДМТ дар мавзӯи «Ташаккули низоми идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт» баргузор гардид, аз ҷониби иштирокчиён ироа гард. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Исайнов Ҳ.Р. ва сардори раёсати илм Р.Наботӣ оғоз ёфт.
Дар нишаст аз ҷумла доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсоннии ДМТ Т. Ғаниев оид ба «Адолат ва ҳақшиносӣ дар шароити танзими давлатии иқтисодиёт ва рақобати озоди бозори ҷаҳонӣ”, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири шуъбаи назарияи иқтисод ва равобити байналмилалии Иниститути иқтисод ва демографияи АМИТ М.Каримова доир ба “Асимметрияи минтақавӣ ва механизми коҳиши он», доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории донишгоҳ Т. Низамова оид ба «Тамоюлҳои рушди соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт», н.и.и., дотсент мудири кафедраи идоракунии молияи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба «Такмили танзим ва дастгирии давлатӣ оид ба рушди соҳибкории экологӣ дар шароити муосир» маърӯза намуданд.