БЕХАТАРИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

612

Имрӯз (31.10.2023) дар кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иктисодии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Бехатарии иқтисоди миллӣ: имкониятҳои рушд ва масоили иктисоди рақамӣ» баргузор гардид.

Дар конференсия декани факултети иқтисод ва идора, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Исайнов Ҳисайн дар мавзӯи “Самаранокии таъмини амнияти иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон” баромад намуд.

Баъдан доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ғаниев Таваралӣ оид ба “Равишҳои навини ташкили менедҷменти маркетингии корхонаю ширкатҳо дар ҷаҳони электронии рақамии асри XXI”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Муминова Фарида дар бобати “Шарту шароитҳои умумӣ ва мушаххаси ташаккули иқтасодиёти рақамӣ (чолишҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон)”, муовини ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қодиров Фирӯз дар бораи “Саноати рақобатпазир ҳамчун омили таъмини амнияти иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Тағоев Б. Д. дар мавзуи “Моҳияти иқтисодии сиёсати давлатии воридотивазкунӣ ва аҳамияти он барои таъмини амнияти иқтисодӣ” ва дигарон маърӯза намуданд.

Конференсияи мазкур аз се бахш иборат буд. Бахши аввал “Равандҳои умумии таъмини бехатарии иқтисоди миллӣ дар шароити ташаккули иқтисоди рақамӣ, нақши технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои бахши воқеии иқтисодиёт”, бахши дуюм “Нақши иқтисоди рақамӣ дар рушди комплекси агросаноатӣ иқтисоди миллӣ, стратегияи дарозмуҳлати рушди маҷмӯии минтақаҳо бо дарназардошти принсипҳои “иқтисодиёти рақами”” ва бахши сеюм “Баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва самтгирии рушди иқтисоди рақамӣ, қонуниятҳо ва тамоюли менеҷменти муосир дар шароити ташаккули иқтисодиёти рақамӣ, технологияҳои рақамӣ дар пасманзари таъмини бехатарии иқтисодӣ” унвон гирифта буд.

Ёдовар мешавем, ки дар конференсия мазкур беш аз 40 маъруза мавриди таҳлилу барасӣ қарор гирифт.