ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ТАҲДИД БА ҶАМЪИЯТ!

209

Бо мақсади таблиғу ташвиқ ва ҷиҳати татбиқи бандҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2021-2025″ имрӯз (07.02.2024) дар факултети иқтисод ва идораи ДМТ ҳамоиши тарбиявӣ-ҳуқуқӣ дар мавзуи “ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТЕРЕМИЗМ – ТАҲДИД БА ҶАМЪИЯТ” бо иштироки мутахассисони соҳа ва шахсони масъули донишгоҳ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши тарбиявӣ-ҳуқуқӣ сараввал декани факултети иқтисод ва идора баромад намуда оид ба роҳҳои пешгирии паҳншавии андешаҳои ифротгароӣ дар байни ҷавонон суханронӣ намуданд.

Инчунин дар ҳамоиши тарбиявӣ-ҳуқуқӣ намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда қайд карданд: “… терроризм, пеш аз ҳама, хатар аст ва сарчашмаи пайдоиши он фаъолияти тундгароӣ ва ифротгароии ташкилотҳои террористӣ ва баъзан фаъолияти тахрибкоронаи хадамоти ҷосусии кишварҳои алоҳида мебошад. Ҳамчун хатар муаррифӣ гардидани терроризм ба он хотир аст, ки дар ҳолати рух додани амали террористӣ қурбониҳои зиёд, аз ҷумла ҳалокати аҳолии осоишта ва бегуноҳ, хисороти молию иқтисодӣ, паст гардидани машруиятӣ ҳокимияти давлатӣ, коҳиш ёфтани симои мароқангези давлат дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун давлати ноамн шинохта шудани кишвар, ба вуҷуд омадани фазои тарсу ҳарос дар ҷомеа ва ғайра ба вуҷуд меоянд.”

Дар баробари инмасъулини донишгоҳ дар робита ба муҳиммияти чунин суҳбату вохӯриҳо суханронӣ намда, иброз доштанд, ки ҷавонон ҳарчи зудтар илмҳои муосирро азхуд намуда аз маълумотҳои ҷадиди муосир хабардор бошанд, то ки фирефтаи ҳагуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб нагарданд.