АМАЛИСОЗИИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

597

Имрӯз (13.10.2020) бо ташаббуси кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодии факултети иқтисод ва идораи ДМТ конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Амалисозии ҳадафҳои рушди устувор: таҷрибаи хориҷӣ ва миллӣ» баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Исайнов Ҳ.Р. оғоз ёфт.

Сипас муовини ректори ДМТ оид ба илм, профессор Сафармамадзода С.М. оид ба муҳиммияти мавзӯи нишаст суханронӣ намуда, афзуд, ки рушди устувори иқтисодиёти кишвар, махсусан истифодаи самараноки сармояи инсонӣ, бахусус «иқтисоди сабз» дар доираи саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.

Баъдан муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А. дар мавзӯи “Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳ ба сӯи рушди устувор дар заминаи принсипи «иқтисодиёти сабз»», доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсоннии ДМТ Т. Ғаниев оид ба «Ташаккули ҷомеаи навини индустриалӣ ва фарҳанги сарватшиносиву созандагӣ дар менеҷменти муосири касбӣ”, дотсенти кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ Ф. Восиев доир ба “Муаммоҳои муосир ва дурнамои тараққиёти бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», мудири кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодии донишгоҳ, дотсент Б. Тағоев оид ба «Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ» ва дигарон маърӯза намуданд. Дар анҷоми нишаст вобаста ба мавзӯҳои ироашуда саволу ҷавоб сурат гирифт.