ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД МИЁНИ УСТОДОНУ КОРМАНДОН

349

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон – 23-юми май миёни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз 5-уми майи соли ҷорӣ оғоз ёфта, дирӯз (27.05.2022) дар варзишгоҳи Шаҳраки донишҷӯён ҷамъбаст гардид.

Дар ҷамъбасти мусобиқа роҳбарони сохторҳои марбутаи донишгоҳ ва ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, даври финалии мусобиқаро тамошо намуданд. Дар даври хотимавӣ дастаи факултети иқтисод ва идора бо дастаи факултети муносибатҳои байналмилалӣ ва дастаи факултети ҳуқуқшиносӣ бо дастаи факултети молиявию иқтисодї бозии шавқовар намуданд.

Дар охир Ректори донишгоҳ қайд намуданд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ин, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни устодону кормандони сохторҳои донишгоҳ мебошад.

Ҳамин тавр, баъд аз бозии финал маълум шуд, ки дастаи факултети ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷойи аввал, дастаи факултети молиявию иқтисодӣ сазовори ҷойи дуюм ва дастаи факултети иқтисод ва идора соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

 Дар зимн аз ҷониби ректори донишгоҳ ба дастаҳои ғолиб Сипоснома, медал, Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мукофотпулӣ, инчунин, ба беҳтарин бозингарон ва мутасаддиёни мусобиқаи мазкур Сипосномаи донишгоҳ супорида шуд.