Таълимоти бефосилаи касбӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ Имрӯз

484

Имрӯз (22.10.2021) бо ташаббуси кафедраи идоракунии захираои инсонии факултети иқтисод ва идораи ДМТ конференсияи ҷумуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Таълимоти бефосилаи касбӣ –электронӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Исайнов Ҳ.Р. оғоз ёфт.

Сипас муовини ректори ДМТ оид ба илм, профессор Сафармамадзода С.М. оид ба муҳиммияти мавзӯи нишаст суханронӣ намуда, афзуд, ки рушди устувори иқтисодиёти кишвар, махсусан истифодаи самараноки сармояи инсонӣ, дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз ҳадафҳои калидии ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.

Баъдан доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсоннии ДМТ Т. Ғаниев оид ба «Гузариш ба шаклҳои навини идоракунии технологияи электронӣ дар менеҷменти стратегии тамаддунсозии асри 21”, доктори илмҳои иқтисодӣ, декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ, Илёсҷон Шамсов доир ба «Нақши ҳукумати электронӣ дар раванди идоракунии давлатӣ», дотсенти кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ Ф. Восиев доир ба «Таҳлили таҷрибаи кишварҳои Осиёи Шарқӣ дар самти бозори электронии меҳнат» ва дигарон маърӯза намуданд. Дар анҷоми нишаст вобаста ба мавзӯҳои ироашуда саволу ҷавоб сурат гирифт.